Федератсияи Русия киштии иктишофиро ба соҳилҳои Сурия фиристод
Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»). Тавре ки манбаъи ҳарбӣ ба «Интерфакс» хабар дод, киштии иктишофии «Василий Татишев» — и флоти Балтика озими Сурия шуд.
Киштии «Василий Татишев» ҳам вазъияти Сурия ва ҳам вазъи кишварҳои соҳили Баҳри Миёназаминро таҳти назорати худ мегирад, — гуфт мусоҳиби агентӣ.
Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, мувофиқи маълумоти васоити ахбори оммаи Туркия, киштии десантии «Тсезар Куников» — и флоти Баҳри Сиёҳ рӯзи шанбеи гузашта аз гулӯгоҳҳои Босфор ва Дарданелл гузашта ба Баҳри Миёназамин расид.
Ба фикри шоҳидон, ин киштӣ ба сӯи маркази таъминоти моддию техникии киштиҳои Флоти ҳарбии баҳрии Русия воқеъ дар бандари Тартуси Сурия равон шудааст. Тавре ки васоити ахбори оммаи хориҷӣ хабар медиҳад, киштӣ дар амалиёт таҳти унвони «Экспресси Сурия» иштирок менамояд. Мақсад аз ин амалиёт овардани лавозимоти харбӣ барои артиши ҳукуматии Сурия аст, ки бо бархе воҳидҳои исломӣ, аз ҷумла бо «Давлати исломӣ» ҳарбу зарб мекунад.
Қаблан Вазорати мудофиаи ФР хабар дода буд, ки алҳол дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин дар соҳилҳои Сурия машқҳои киштиҳои Флоти ҳарбии баҳрии Русия идома доранд








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






