Кормандони «Амонатбонк» малакаҳои касбиашонро такмил медиҳанд
Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишии кормандони марказҳои хидматрасонии бонкӣ идома доранд.
Чанде пеш дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин семинарҳо доир шуданд, ки мақсад аз онҳо иҷрои вазифаҳои бамиёнгузоштаи раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҳакимзода Рӯҳулло дар бораи баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили малакаҳои касбии кормандони марказҳои хидматрасонии бонкӣ мебошад.
Дар семинарҳо мутахассисон аз ҷумлаи роҳбарон ва кормандони масъули бонк дар бораи ҳуҷҷатҳои қонунгузорию меъёрӣ, ки фаъолияти бонкиро танзим менамоянд, нақл мекунанд.
Қобили зикр аст, ки вақтҳои наздиктарин барои кормандони марказҳои хидматрасонии бонкии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд чунин семинарҳо доир мешаванд, ки мақсад аз онҳо баланд бардоштани сатҳи салоҳияти кормандон ва сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






