БМТ: Мулоқот бо намояндаи нави ХБА оид ба Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2015 04:17

Душанбе, 10. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо 9 ноябри соли равон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати нави намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пол Росс, ки бо ташрифи нахустин ба Душанбе омадааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар нуҳ моҳи соли равон тамоюли нисбатан муътадилро соҳиб гардид. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 33,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 6,4 фоизро ташкил дод. Сатҳи таваррум дар нуҳ моҳ 3,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам гардид. Ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатҳои ҷалбшуда дар ташкилоти қарзии кишвар назар ба соли гузашта ба андозаи чашмрас афзуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон Пол Росс зимни  мулоқот масъалаҳои рушди геосиёсии минтақавӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон, сиёсати пулӣ ва асъорӣ, инкишофи бахши молиявӣ, назорат ва идораи бонкҳоро ба таври муфассал таҳлил ва баррасӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди  таҳияи «Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон» ва зарурати расонидани кумаки техникӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар интиҳои суҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.

Ноябрь 10, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд