Конфронс бахшида ба рӯзи ҷаҳонии фалсафа
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ таҳти унвони “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600- солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту конфронс баргузор мегардад. Дар конфронс сухани табрикии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар назар аст.
Ҳамчунин директори Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ Ҷ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов — “Арасту файласуф ва мутафаккири санъати баҳси сиёсӣ”, академики АИ ҶТ, Олимов К. — “Фалсафа ва проблемаҳои ҷаҳони муосир”, узви вобастаи АИ ҶТ, Додихудоев Х. — “Таърихи фалсафаи тоҷик — таърих ва замони муосир”, профессор, Муҳаммадалӣ М. — “Методологияи илм аз нигоҳи илми фалсафа”, профессор Сайфуллоев Н. — “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”, профессор Раҳимов С. — “Дар масъалаи баҳамоии фарҳангҳо” ва дигар олимон дар мавзуъҳои гуногуни фалсафа маърӯза хоҳанд кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






