Сергей Лавров: Туркия барои сайёҳони Русия ҳамчун Миср хатарнок аст
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба сайёҳони рус сафар ба Туркияро тавсия намедиҳад. Ӯ ин кишварро на камтар аз Миср хавфнок мешуморад. Дар ин бора «Интефакс» иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ бо хабарнигорон дар Сочи Сергей Лавров изҳор дошт, ки бо сабаби афзоиши хатарҳои террористӣ дар Туркия ба шаҳрвандони Русия сафар ба ин кишвар тавсия дода намешавад. «Хавфҳои куллии зуҳуроти террористӣ дар қаламрави Туркия, ба ақидаи мо, аз Миср камтар нестанд. Дар робита ба ин, албатта мо ба шаҳрвандонамон сафар ба Ҷумҳурии Туркияро бо мақсади сайёҳӣ ё дигар ҳадафҳо дар марҳилаи кунунӣ тавсия намедиҳем «, — тазаккур дод С. Лавров.
Сергей Лавров махсус таъкид намуд, ки таҳдидҳои террористӣ дар Туркия ба ҳодисаи ҳавопаймои ҳарбии Русия рабт надоранд. «Бояд таъкид кард, ки ин вобаста ба афзоиши зуҳуроти амалҳои террористӣ дар Туркия аст. Ин қатъи назар аз ҳодисаи имрӯз рухдода аст «, — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҳавопаймои ҳарбии Су-24-и Русия, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Сурия иштирок мекард, аз ҷониби НҲҲ Туркия дар наздикии сарҳади ин кишвар зада сарозер карда шуд.
Тавре ки Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ҳавопаймои ҳарбии Русия ба Туркия ҳеҷ таҳдид надошт ва 1 километр дуртар аз сарҳади ин кишвар сарозер карда шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






