Вусъати корҳои созандагӣ дар шаҳраки Сомониён
Шаҳраки Сомониён, 24.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ибтикори раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар бораи вусъати корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби кулли сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Ҳоло дар ду тарафи роҳи ҷониби шаҳри Душанбе, ки аз байни шаҳраки Сомониён убур менамояд, ба шинонидани гулҳои гуногун ва васеъ кардани роҳ шурӯъ кардаанд. Тавре ки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ноҳия Муҳаммадӣ Салим иттилоъ дод, шинондани гулҳо то шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа идома меёбад.
Ин амали нек ҳам дар афзоиши ҳусни ноҳия ва ҳам дар тарбияи завқи зебоипарастии мардум саҳми муносиб хоҳад гузошт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






