Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016-ро «Соли фарди солим» эълон кард

Декабрь 31, 2015 11:37

Хуҷанд, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ирсоли паёми табрикие кулли сокинони вилояти Суғдро бахшида ба соли нави 2016 табрик гуфта, соли 2016-ро «Соли фарди солим» эълон кард.
Абдураҳмон Қодирӣ дар баробари зикри дастовардҳои дар соли 2015 ба даст омада, изҳори умед намуд, ки «Соли фарди солим» аҳли ҷомеаро бештару беҳтар ба тарғиби тамаддуни миллӣ, тарзи ҳаёти солим, фарҳанги диёрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд.
Ҷои зикр аст, ки соли 2015 дар вилояти Суғд «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» ва соли 2014 «Соли роҳҳои обод» эълон гардида буд.

Декабрь 31, 2015 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд