Баррасии Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ВКХ
Душанбе, 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28 декабри соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти кормандони вазорат бо вакили мардумӣ, раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳим Холиқзода дар иртибот ба қабули Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва додани унвони баланди Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон А. Холиқзода доир ба корнамоиҳои шоён ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва давлатдории тоҷик сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ на ба ҳар миллат чунин роҳбари оқилу ҷоннисор насиб мегардад. Ҳамчунин вакили мардумӣ А. Холиқзода доир ба мӯҳтавои қонуни мазкур гуфт, ки ҳангоми таҳияи он кулли қавонини байналмилалӣ дар робита ба ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, қонуни мазкур ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.
Зимни мулоқот чанд нафар аз кормандони вазорат оид ба арзанда будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чунин унвони Олӣ-Пешвои миллат зикр карданд, ки ба бахти мардуми кишвар Офаридгор дар рӯзҳои пурфоҷеаи охири асри 20 рӯи кору пайкор омадани фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор- Эмомалӣ Раҳмонро муносиб донист.
Ҳамчунин зикр шуд, ки тавассути хирад, шуҷоату қатъият ва ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин монда, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё гардид, мардуми овораву бечора ба ватан бозоварда шуда, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа барқарор гардид.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






