Хабари марги роҳбари «Толибон» дар Афғонистон тасдиқ гардид
Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Роҳбари ҳаракати ифротгарои «Толибон» дар Афғонистон мулло Ахтар Муҳаммад Мансур бар асари ҷароҳат, ки рӯзи чоршанбе ҳангоми тирпарронӣ бо ҷангиёни дигар бардошта буд, ҳалок гардид. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Иттилои мазкурро намояндагони ҳукумати расмии Афғонистон тасдиқ карданд. «Мансур рӯзи чоршанбе дар ҷараёни тирпарронӣ пас аз баҳси шадид бо дигар роҳбарони ин ҳаракати ифротӣ захми ҷиддӣ бардошт»,-гуфтанд намояндагони ҳукумати ин кишвар.
Ёдовар мешавем, ки мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ҳаракати ифротии «Толибон»-ро дар Афғонистон аз охири моҳи июл роҳбарӣ мекард. Ӯ дар ин мақом асосгузори ин ҳаракат мулло Муҳаммад Умарро, ки вафот кард, иваз намуд.
Тавре ки «Синхуа» зикр мекунад, пас аз роҳбари ҳаракат интихоб шудани Мансур «Толибон» ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






