Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз Маркази таълимии АНМН дидан кард

Декабрь 4, 2015 05:09

Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кори Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз 30 ноябр то 04 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон давом ёфта, дар ин муддат бо мақсади санҷиши муҳиммият, самаранокӣ, таъсир ва устувории кумакҳои ИА дар муддати солҳои 2007-2014, инчунин барои муайян намудани ҳамкории минбаъда бо ҳамаи вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ташриф меорад. Санҷиши мазкур аз ҷониби ИА ва ширкати олмонии “Particip GmbH”, ки аз 6 мушовир иборат мебошад, гузаронида мешавад.
1 декабр Комиссияи Аврупо бо мақсади санҷиши муҳим будани кумакҳои ҷониби ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ ба Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Маркази кинологӣ, ки бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) таъсис дода шудааст, ташриф овард.
Зикр гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.
Ба меҳмонон баромади намоишии сагҳои хизматӣ оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳи шартӣ пешниҳод шуд.

 

 

Декабрь 4, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд