Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид

Декабрь 30, 2015 09:55

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Таҳкими пояҳои оила аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Президенти мамлакат бо назардошти муҳимияти масъала соли 2015-ро Соли оила эълон намуд, ки ҳадаф аз он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳангу маърифати оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.
Бо назардошти вазъи мавҷуда Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурўҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд, ки дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад.
Консепсия масъалаҳои вобаста ба заминаҳои қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ, инчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад.
Татбиқи Консепсия фаъолияти дастаҷамъонаи тамоми вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва тамоми ҷомеаро тақозо менамояд.
Бо назардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таъсири манфии василаҳои иттилоотӣ ба тарбияи дурусти фарзандон, қабули Консепсияи мазкур ҳуҷҷати муҳим дар самти тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад гашт.
Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд.
Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ аз солҳои аввали касби истиқлол таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо назардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои муайян анҷом дода шуданд.
Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги оиладории тоҷикӣ ҳифз шаванд.

Декабрь 30, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар