Ш.Саид: «Барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон саъю кӯшишҳои якҷоя мебояд»
Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 15 декабр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷан Прасад дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисодиёт ва ҳамкории миёни палатаҳоро, ки ба фикри мусоҳибон бояд густариш дода шаванд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки байни Тоҷикистону Ҳиндустон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ фаъолият дорад.
«Барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф имкониятҳои бузург мавҷуданд, ки барои амалӣ шудани онҳо бояд якҷоя саъю кӯшиш намуда, ҳамкории бахши инфиродии ҳар ду кишвар вусъат дода шавад», — гуфт раиси ПСС ҶТ.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, дастгирии сохторҳои бозаргонӣ ва рушди низоми тиҷоратӣ ва молиявию бонкӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ш.Саид ҳамчунин пешниҳод намуд, ки масъалаи ташкили Шӯрои аҳли тиҷорати «Тоҷикистону Ҳиндустон» таъсис дода, намояндагиҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ ташкил карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар вилоятҳои Хатлону Суғд шаш намоишгоҳи амволи Ҳиндустон доир гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






