Шойгу: Русия ва Тоҷикистон бинобар пайдо шудани ДИ дар Афғонистон дучори хавфу хатарҳои нав гардидаанд
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Русия ва Тоҷикистон бинобар пайдо шудани «Давлати исломӣ» дар Афғонистон дучори хавфу хатарҳои иловагӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ гардидаанд, аз ин рӯ вазъияти минтақа беҳтар намешавад. Вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу рӯзи чоршанбе дар ин бора изҳорот дод.
«Ҳамаи тахминот мавҷуд аст, то мо тавонем дилпурона бигӯем, ки дар он ҷо ҷузву томҳои ДОИШ пайдо гардида, хавфу хатарҳои нав ба миён омадаанд. Ин хавфу хатарҳо ба мо — иттифоқчиёни Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳдид мекунанд», — гуфт Шойгу зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикистониаш Шералӣ Мирзо.
Шойгу изҳор дошт, ки Русия «ҳамаи нақшаҳои оид ба нав кардани аслиҳаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, вусъат бахшидани саъю кӯшишҳои пойгоҳи Русияро ҳам аз нигоҳи авиатсионӣ ва ҳам дар самтҳои дигар иҷро мекунад». Ин тадбирҳо «ба сулҳу суботи минтақа ба куллӣ таъсир мерасонанд», — гуфт вазир.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон судмандии нақшаи ҳамкории ҳарбии Душанбею Маскавро зикр намуда, пуштибониро аз амалиёти зиддитеррористие, ки Русия зидди ҷангиён дар Сурия роҳандозӣ менамояд, иброз дошт. «Мо бо шумо ҳамраъй ҳастем», — гуфт Шералӣ Мирзо.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






