Туҳфаи солинавӣ ба мактаб-интернат
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2016 ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Туҳфаҳои солинавиро ба бошандагони хона-интернат муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Ахмедова ва муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Саймаҳмуд Қаландаров тақдим карда, онҳоро бо омадани соли нав муборакбод гуфта, дар хониш ва зиндагии ояндаашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, онҳо аз ин кори хайр хеле рӯҳбаланд шуда, шеърҳои азбарнамудаи худро пешкаш намуданд.
Директори мактаб-интернати мазкур Мукаррама Неъматова ба роҳбарияти ДМИТ барои дастгирии доимӣ миннатдории бепоёни худро иброз дошта, гуфт, ки таълимгирандагони ин дабистон дар баробари донишандӯзӣ, ҳамчунин ба ҳунаромӯзӣ низ ҷалб шудаанд, то пас аз хатми таълимгоҳ тавонанд бо ҳунари худ рӯзгорашон пеш баранд.
Бояд гуфт, ки ДМИТ сарпарасти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, чунин иқдомҳои хайрхоҳона дар арафаи ҳар иду айём ба ин дабистон расонида мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






