Ярмаркаи маҳсулоти гуногун дар арафаи Соли нави мелодӣ
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи Соли Нави мелодӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил шуд, ки дар он ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ пешкаши харидорон гардиданд. Нархи маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили орду равған, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм, шакар, сабзавот дар муқоиса бо нархи бозор нисбатан арзонтар буданд. Барои мисол, 1 кило орд — 2,4 сомонӣ, равған 6 сомонӣ, нархи 1 кило пиёзу сабзӣ ва картошка — 1 сомонӣ, шалғам — 50 дирам, 1 кило гӯшт — 20 сомонӣ, биринҷ — 5 сомонӣ, як қуттӣ тухм — 15 сомонӣ, 1 килограмм себу нок бо нархи аз 2 то 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буданд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






