Агентии омор: 9,5 ҳазор корҳои оморӣ иҷро шуданд
Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор баргузор гардид. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфт, ки Агентии омор барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард ва 9,5 ҳазор корҳои оморӣ иҷро шуданд.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои агентӣ дар вилоятҳо ва раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумоти эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷамъбаст ва пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ талаб карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимою иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
Ба мақомоти омори маҳаллӣ барои пура ва дақиқ ба ҳисоб гирифтани саршумори чорвои калон ва хурд, наслгирӣ ва маҳсулнокии маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ, дар соҳаи омори растанипарварӣ бунёди майдонҳои боғу токзори нав, гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҳисоби гармхонаҳо истеҳсолшуда, инчунин оид ба истеҳсоли орд, воридоту содироти маҳсулоти истеъмолӣ, афзоиши табиии аҳолӣ, фавт ва таваллуд, нархҳои воқеии бозорҳои марказӣ ва дигар супоришҳои қатъӣ дода шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






