АИ бо Корпоратсияи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сейсмология Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Январь 14, 2016 17:36

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Аз ҷониби 14 корманди муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 1 ҳазору 475 кори илмӣ ба табъ расонида шуда патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 3 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд. Ин нуктаро имруз зимни нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд.
Бино ба гуфтаи Ф.Раҳимӣ, дар соли 2015 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Корпоратсияи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сейсмология (Консорсиуми IRIS) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи Федералии давлатии таҳсилоти олии касбӣ «Донишгоҳи давлатии ба номи Ф.М.Достоевский” (ш. Омск) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.
Қайд гардид, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (ноябри соли 2015) Барномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои тадқиқоти илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба «Истифодабарии растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ» ва Барномаи ҳамкорӣ оид ба ҳамкории илмӣ байни Осорхонаи таърихи табиати Покистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ба имзо расонида шуданд.
“Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атомӣ бо мақсади осоишта омода шуда, дар расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад”,-илова намуд президенти АИ.

Январь 14, 2016 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд