АИ: Дастоварди олимони соҳаи химия барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Таҳқиқот дар соҳаи математика дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд”,-гуфт президенти академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 14 январ зимни нишастӣ матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи Ф. Раҳимӣ, тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ шуданд. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян — моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд.
«Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи манбаъҳои маъданҳосилкунанда ва таъсири онҳо ба ташаккули конҳои бузурги маъданӣ, ки ба равандҳои мантийӣ алоқаманданд, маълумоти нав ба даст оварданд. Олимони соҳаи омўзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таҳқиқи усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври таъҷилӣ пешгўӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд»,-илова намуд президенти АИ.








««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






