Баргузории ҷаласаи мушовара дар ВКД

Январь 16, 2016 11:40

Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи мушовараи вазорат оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба кор оғоз кард. Сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ камбудию проблемаҳои мушкилоти мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, дар самти бақайдгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо муовини сардори Сармаркази иттилотӣ-таҳлилии ВКД подполковники милитсия Рабиев А., дар самти таъйинот ва чобаҷогузории кадрҳо сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Раҳимзода А.А. , дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД полковники милитсия Исозода Н.И. ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Мирализода Р.А. оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар муфассал маълумот дода, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.
Раҳимзода Рамазон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2015 як зумра чорабиниҳоро ба нақша гирифта, амалӣ намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз вазъи сиёсиву ҷамъиятии ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар ҳар лаҳза барои иҷро намудани вазифаҳои муқаддаси хеш, алалхусус дар таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дошта бошем.
Дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Сурияву Ироқ супоришҳои иловагӣ дода, таъкид гардид, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Январь 16, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид