Баррасии фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радио дар соли 2015
Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Тибқи иттилои раиси кумита М. Пирзода фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радио ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар соли 2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, барои амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардиданд.
Дар тӯли соли 2015 дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи тамошобинон ба ободкорию созандагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, вазъи роҳҳо, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои нав, истифодаи ғайримақсадноки замин ва дигар амволи ҷамъиятӣ, шароити таълим дар мактабҳо, вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ, нигаронкунанда будани пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро таваҷҷуҳ зоҳир шуда, инъикос ёфтанд.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






