Баррасии масъалаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар Тоҷикистон

Январь 28, 2016 12:00

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 28 январ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак баргузор гардид.
Раиси Шӯро, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода гуфт, ки мушкилии барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак мавзўи мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти гуногуни маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) дар кишварамон лоиҳаҳои гуногун дар самти пешгирӣ аз истифодаи меҳнати кўдак ва аз бозори меҳнат баровардани кўдакон татбиқ мегарданд.
«Бо дарки аҳамияти ҳалли таъхирнопазири мушкилоти марбут ба меҳнати кўдакон ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо шарикони рушд «Барномаи миллӣ ва нақшаи амал дар ин самт барои солҳои 2015-2020» қабул гардидааст, ки мақсади он-пурра барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар кишварамон мебошад», -афзуд Эмин Сангинзода.
Мавриди зикр аст, ки назорат ва арзёбии иҷрои Барномаи миллӣ ба зиммаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ вогузор шудааст.
Дар ҷаласа гузориши намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТБМ ва рўзномаи «Дайджест-пресс» оид ба татбиқи ин барнома шунида шуд.
Дар хатми ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак барои соли 2016 баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Январь 28, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид