Э. Раҳмон: «Офатҳои табиии рухдода ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»

Январь 20, 2016 11:06

Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид. Илова бар ин офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар вилояти Бадахшон, дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»,-зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ.
Ба гуфтаи Сарвари давлат танҳо аз ҳисоби сард омадани ҳаво аз вилояти Суғд содироти қариб 100 ҳазор тонна меваи хушк ва 600 ҳазор тонна меваи тар ғайриимкон гардид.
«Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хаттҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд»-, илова намуд Пешвои миллат.

Январь 20, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд