“Хандаи ҳусн”-густаришдиҳандаи санъати чакандўзию алочабофӣ ва пешгирӣ аз тақлидкории занон дар пўшиши либоси бегона
Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ барои баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, густариши санъати чакандўзию алочабофӣ, пешгирӣ ва тақлидкории занон дар пўшидани либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фестивали либоси миллӣ “Хандаи ҳусн”-ро баргузор намуд. Даври ҷамъбастии фестивали либосҳои миллӣ «Хандаи ҳусн-ҷилваи чакан» 7 ноябри соли 2015 дар “Кохи Борбад” бо ҷалби 38 нафар тарроҳ аз тамоми вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар ҷараёни мизи мудаввар, ки худи ҳамон рўз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ оид ба ҷамъбасти Фестивали либосҳои миллӣ «Хандаи ҳусн — ҷилваи чакан» бо тарроҳон ва роҳбарони гурўҳҳо баргузор гардид, ба сифати дўхти либосҳои миллии тарроҳон баҳои баланд дода шуда, ҳамзамон зикр гардид, ки дар чорабинии мазкур тарроҳон тавонистанд ҳунари волои худро дар дӯхтани либосҳои кўдакона, ҳаррўза, расмӣ, маросимӣ ва идона нишон диҳанд. Қадрдонӣ шудани 38 нафар тарроҳ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Фестивал аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ шаҳодат аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба маданияту фарҳанги баланди миллати тоҷик буда, тарроҳонро муваззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намунаи беҳтарини либоси миллиро тарҳрезӣ намуда, пешкаши аҳолӣ гардонанд.
Дар ин муддат даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” дар маҳаллаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо аз рўи шартҳои ороиши дастархон бо доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳо, маҳорати омода намудани хўрокҳои миллӣ, хўришҳо, шириниҳо, тайёр ва омода намудани тарзҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ, маҳорати сарфаю сариштакорӣ ҳангоми омода намудани таомҳо доир гардид. Даври ҷамъбастии озмун бо иштироки 35 нафар ғолиби даврҳои аввали озмун рўзҳои 13 — 14-уми август дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои кумита қадрдонӣ шуданд.








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






