«Хуҷанд» тамринро дар Душанбе мегузаронад
Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд марҳалаи дуввуми омодагиро ба бозиҳои Ҷоми КФО дирӯз дар майдони сеюми варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз кард. Футболбозони соҳили Сир шароити якхелеаи майдони ҳарифи худ «Аҳли Алхалил»-и Фаластинро ба назар гирифта, машқҳои худро ба Душанбе таҳвил доданд. Ба гуфти сармураббии даста Нӯъмон Юсупов варзишгоҳи Фаластин, ки вохӯрӣ дар он гузаронида мешавад, сунъӣ буда, барои одат кардани футболбозон ба чунин шароит роҳбарият ба хулоса омадааст, ки машқу тамринҳоро то 6 феврал дар ин майдон гузаронида, ду бозии тачрибавӣ низ барпо намоянд. Вохӯрии аввали таҷрибавӣ пагоҳ дар соати 15 дар варзишгоҳи марказӣ бо чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол» ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Дар бораи бозии дуввум ҳоло хабар нарасидааст. Рӯзи 6 феврал «Хуҷанд» аз Душанбе ба Фаластин сафар мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






