Иҷораи молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат мерасонад
Душанбе, 13.01. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» дар назди вакилони мардумӣ имрӯз дар ҷаласаи Парлумони мамлакат раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва вакили мардумӣ Ҷобирзода Тоҳир таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин пешниҳод намудани намудҳои муосири иҷораи молиявӣ пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуда, намудҳои зерини иҷораи молиявӣ (лизинг), аз ҷумла иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ, иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ ва иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда муқаррар мешаванд.
Муайян намудани намудҳои мазкури иҷораи молиявӣ (лизинг) ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонида, доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»-ро васеъ мегардонад.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






