Кӯлоб: Чораҷӯӣ нисбат ба 144 андозсупоранда
Кӯлоб, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бино ба иттилои сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб Зоиршо Орипов кормандони нозироти андоз бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дошта, қарзҳои хоҷагӣ ва ташкилоту муассисаҳоро ба ин восита ба буҷаи маҳаллӣ ворид месозанд. Ба гуфтаи манбаъ дар давоми 11 моҳи соли равон ба воситаи прокуратура тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба бақияи қарз нисбат ба 144 андозсупоранда ба маблағи 8 млн. 316 ҳазору 300 сомонӣ чораҷӯӣ шуд, ки дар натиҷа бо қарори қабулшуда 7 млн. 543 ҳазору 700 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ ворид шудааст. Инчунин дар ин давра 210 корхона ва соҳибкори инфиродие, ки ба ҳуқуқвайронкунии андоз роҳ доданд. ба маблағи 221 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Бақияи қарзи умумӣ дар шаҳри Кӯлоб 10 млн. 581 ҳазору 100 сомониро дар бар гирифта, масъулини нозироти андоз тасмим гирифтаанд дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура бақияи қарзи андозро то семоҳаи соли 2016 ба итмом расонанд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






