М. Ҷабборӣ: «Маданияти ҳар як миллатро муносибати он нисбат ба зан муайян мекунад

Январь 25, 2016 10:47

Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ иқдомҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд, ки албатта, ин барои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва обрӯи занони тоҷик як заминаи мусоид фароҳам овардааст»,- гуфт муовини сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ имрӯз, 25 январ дар конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият», ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ба кори худ оғоз кард.
DSC_0287М. Ҷабборӣ илова намуд, ки Парвардигор танҳо ба зан қобилияти офариниши инсонро ато кардааст ва ҳар як сокини сайёра бояд ин офаридгор, яъне зан-модарро арҷгузорӣ намуда, гиромӣ дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ бо такя ва арҷгузорӣ ба ин олиҳаи муқаддаси инсоният ва бо меҳру муҳаббати фарзандӣ ва эҳтирому таҳсин тамоми неру ва кӯшиши худро барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа сафарбар намуда истодааст.
«Маданияти ҳар як миллатро аз муносибати он нисбат ба зан муайян мекунанд. Дар таърихи ташаккул ва рушди тамадуни мо муносибат ба зан , эҳтиром ва гиромидошти рисолати занон дар оила ва ҷомеа меъёри муҳими ахлоқӣ арзёбӣ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеа инкишоф ёфта истодаанд. Занон нигоҳдорандаи чароғи хираду маърифат ва ахлоқу маънавиёт дар оила ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд»,- илова намуд М.Ҷаборрӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дар кори конфронс инчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва дигар занони фаъол ширкат доранд.
Дар конфронс маърӯзаҳо таҳти унвони “Занон нигоҳдорандаи забони модарӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон”, “Сарвари давлат пуштибони занон”, “Никоҳҳои хешутаборӣ: пайомадҳо ва таъсири он ба солимии ҷомеа” шунида мешаванд.

Январь 25, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид