Нашрияи «Паёми Спитамен» 85-сола шуд
Хуҷанд, 26.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Нашрияи мақомоти давлатии ноҳияи Спитамен “Паёми Суғд” 85 сола шуд. Чанде қабл дар Театри давлатии мусиқию мазҳакаи ба номи Шукур Бурҳонови ноҳия бахшида ба ин сана чорабинии тантанавӣ доир гашт.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти маҳаллӣ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти вилоятӣ ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадорони соҳа, аҳли зиё ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Аз ҷумла, раиси ноҳия Ориф Хоҷазода ҳайати эҷодӣ ва кулли қаламкашони рӯзномаро бо ин санаи фархунда шодбод гуфта, аз номи мақомоти ноҳиявӣ ба нашрияи мазкур як мошини сабукрав ва ба фаъолону собиқадорони рӯзнома туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Бояд гуфт, ки нахустин шумораи ҳафтаномаи ноҳиявии Спитамен бо номи «Қизил Нишон» соли 1930 рӯи чоп омада, баъдан аз соли 1935 он бо номи «Сталин байроғи», соли 1960 — «Коммунизм сари», 1991 — «Халқ сӯзи» ва январи соли 2012 бо номи «Паёми Спитамен» нашр шуда, оғоз аз соли 1978 то ин ҷониб ҳафтанома бо ду забон — тоҷикӣ ва узбекӣ чоп мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






