«Нурпошиҳои ваҳдат»-китоби нави Раънои Мубориз

Январь 9, 2016 08:05

Душанбе. 09.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Нашриёти «Адиб» китоби нави шоираи ширинкалом Раънои Муборизро таҳти унвони «Нури ваҳдат» бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон намуд. Дар маҷмӯа ғазалҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи адиби боистеъдод Раънои Мубориз, ки бо мазмуни баландашон табъи дили хонандагонанд, дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин «Ҳиссаҳо аз қиссаҳо»-и Раънои Мубориз, ки дар мавзӯъҳои гуногун аз китоби “Ёдҳо”-и ӯ оварда шудаанд, беҳтарин туҳфа барои хонанда аст.
Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаҳои ашъори Раънои Мубориз бо номҳои “Гаҳвораи сангин”, “Навои найсон”, “Садбарги куҳӣ”, “Мусоҳиби офтоб”ва “Лаъли Бадахшон” низ ба нашр расидаанд. Чакидаҳои хомааш ҳамчунин ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидаанд. Раънои Мубориз инчунин соли 2013 ба ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор гардида, заҳматҳояш бо медали “Хизмати шоиста” низ қадр шудаанд.

Январь 9, 2016 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад