Президенти Тоҷикистон: «Дар ҷумҳурӣ минтақаҳои бузурги саноатӣ фаъол мегарданд»

Январь 20, 2016 11:08

Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошт, ки ҳоло дар мамлакат бо иқтидори коркарди зиёда аз 52 ҳазор тонна нахи пахта корхонаҳои нассоҷӣ, бо иқтидори коркарди зиёда аз 3 млн. тонна корхонаҳои коркарди нафт ва бо ҳамин иқтидор корхонаҳои нави семент дар ҳоли сохтмонанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат ҳамчунин корхонаҳои металлургии коркарди маъданҳои оҳан ва рӯҳу сурб низ сохта мешаванд.
-Яъне бо бовар метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ минтақаҳои бузурги саноатӣ фаъол мегарданд,-изҳор дошт Пешвои миллат.

Январь 20, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид