Ш. Орумбекзода: 11 асари драмавии адибон ва 8 асари композиторони тоҷик харид шуданд

Январь 25, 2016 09:57

Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар ҷумҳурӣ ҳоло 17 театри касбӣ, 8 муассисаи консертӣ ва 13 ансамбли мақомхонон фаъолият менамоянд. Соли 2015 бо тавсияи Шӯрои бадеии вазорат 11 асари драмавии адибони тоҷик ва 8 асари композиторони тоҷик харидорӣ шуданд».
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт.
Бояд тазаккур дод, ки аз моҳи апрел то моҳи октябри соли ҷорӣ барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои тамошобинон дар рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки ҳунармандони муассисаҳои театрӣ-консертӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Ҳисор дар Маҷмааи давлатии Боғи Ирам доир гардиданд.

Январь 25, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд