Шиносоии Сарвазир бо фаъолияти «Комбинати маъдантозакунии Такоб»

Январь 7, 2016 17:20

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  бо  фаъолияти Ҷаъмияти  саҳомии  шакли  кушодаи «Комбинати  маъдантозакунии Такоб» дар  ноҳияи  Варзоб  шинос  шуд.

Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур фабрикаи маъдантозакунӣ бунёд гардида, барои истеҳсоли хокаи флюарит, сурб ва рўҳ  пешбинӣ шудааст. Барои  истеҳсоли ин маҳсулот технологияи зарурӣ дар корхона насб гардида, коргоҳ  омодаи  истеҳсоли таҷрибавӣ мебошад. Хокаи флюарит асосан дар саноат ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли криоллит пешбинӣ шуда, дар саноати  алюминий васеъ истифода бурда мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори корхона айни замон ба истеҳсоли 30 ҳазор тонна маҳсулоти флюарит дар як сол баробар аст.

Сарвазири мамлакат барои ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани истеҳсоли хокаи флюарит дар ин корхона ва истифодаи он ҳамчун ашёи хоми маҳалӣ дар соҳаи саноат ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.

 

Январь 7, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид