Сирки давлатии Тоҷикистон: Зиёда аз 50 намоиш пешниҳоди тамошобинон гардид

Январь 18, 2016 18:17

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Ҳайати кории Сирки давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ба дастовардҳои назарраси фаъолияти меҳнатӣ ноил гардид. Дар ин давра барномаҳои сиркӣ бо номи «Сармояк» ва «Наврӯзи оламафрӯз» пешкаши ҳаводорони ин санъати воло гардида, барномаи наврӯзии Сиркро зиёда аз 4252 шаҳрванд тамошо намудаанд. Ҳунармандон дар ин давра бо барномаҳои хайриявӣ дар 15 мактаб-интернати ҷумҳурӣ баромад намудаанд. Сирки давлатии Тоҷикистон зиёда аз 50 намоишро пешниҳоди тамошобинон гардонида, инчунин бо барномаҳои сиркӣ дар назди сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Варзоб ҳунарнамоӣ намуд.
Бо даъвати роҳбарияти сирк сафари ҳунарии сиркҳои шаҳри Маскав «Сирк дар об» ва «Сирки ҳайвонҳои шаҳри Маскав» бомуваффақият анҷом ёфтанд, ки боиси хушҳолии тамошобинон гардид.

Январь 18, 2016 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд