Ситораи филми «Гарри Поттер» Алан Рикман аз бемории саратон фавтид

Январь 15, 2016 15:48

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Ҳунарманди бритонӣ Алан Рикман, ки дар филмҳои «Одами мустаҳкам», «Догма», «Атрсоз» ва як cилсила филмҳои «Гарри Поттер» нақш бозидааст, дар Лондон дар 70-умин соли умраш фавтидааст. Тавре ки «The guardian» хабар медиҳад, ҳунарманд аз бемории саратон азият мекашид ва марги ӯро аъзои оила тасдиқ кардаанд. Рикман дар зиёда аз 50 филм нақш бозидааст. Яке аз нақшҳои арзандатарини ӯ профессор Северус Снейп дар филми «Гарри Поттер» мебошад, ки ин роман ба Ҷоан Роулинг тааллуқ дорад. Ҳунарманд барои нақш дар филми «Распутин» ҷоизаи «Курраи тиллоӣ» ва «Эмми»-ро сазовор гашта, барои ҳунарнамоияш дар навори «Робин Гуд, мири дуздон» ҷоизаи BAFTA-и Бритониёро гирифтааст.
Дигар нақшиҳои машҳури Рикман дар филмҳои «Суинни Тод», «Дев-сартарош аз кӯчаи Флит», «Алиса дар олами муъҷиза», «Муҳаббати аслӣ» ва «Бӯсаи Яҳудо» мебошанд.

Январь 15, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад