Соли 2016 ба соҳаи маориф 3 146,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст
Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Соли 2015 аз Буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф 2 млрд. 918 млн. 639 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 401 млн. сомонӣ ё ин ки 16% зиёд мебошад. Маблағе, ки ба соҳаи маориф дар соли 2015 ҷудо шудааст, 19,1% Буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Новобаста аз буҳрони молиявию иқтисодие, ки дар тамоми дунё паҳн шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши маблағғузории соҳаи маорифро дар соли 2016 низ идома додааст. Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2016 ба соҳаи маориф 3 146,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2015 — 227,6 млн. сомонӣ ё ин, ки 7,8% зиёд мебошад. Маблағи мазкур 17% ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Муассисаҳои соҳаи маориф барои иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини эҳтиёҷоти соҳаи маориф бо истеҳсолкунандагони ватанӣ харидории молу маҳсулоти саноати сабук ва либосҳои мактабиро ба роҳ мондаанд.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ бо муассисаҳои соҳаи маориф аз тарафи 110 коргоҳи дўзандагии ватанӣ шартнома ба имзо расид. Таҳлил собит сохт, ки дар ин коргоҳҳо бо истифодаи 3615 мошинаи дарздузӣ ба миқдори 306 ҳазору 668 адад либоси мактабӣ дўхта, ба истифода дода шуд.








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






