Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: Интиқолдиҳандагони воситаи нашъадори ҳашиш маҳкум гардиданд

Январь 21, 2016 08:46

Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»)-Озодӣ беҳтарин неъмати зиндагист. Сад афсӯс, ки баъзеҳо ба қадри ин неъмати бузург намерасанд ва ҳатто баъди адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳам ба хулосаи даркорӣ намеоянд ва умри ҷавони худро дар маҳбас зоеъ мегузаронанд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси кушоди судӣ парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Каримов Кароматулло Саидович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Ваҳдат, сокини шаҳри Норак, кўчаи ба номи Айнӣ 2, хонаи 19, муҷаррад, қаблан бо ҳукми суди вилояти Хатлон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 озод гардида буд, бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста ва Заидов Фирдавс Заирович, соли таваллудаш 1982, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ узбек, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кўчаи ба номи Шмидт, хонаи № 94, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардида, 29 августи соли 2011 дар асоси моддаи 5 сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 20 августи соли 2011 аз адои боқимондаи ҷазо озод шудааст, 26 ноябри соли 2012 бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаҳои 201 қисми 3 бандҳои «а,д,е» ва 109 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 7 сол ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, бо моддаи 36 қисми 3-201, қисми 4 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст, баррасӣ намуд.
Суд муайян кард, ки Заидов Фирдавс Заирович аз адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, 29 августи соли 2015 ба назди хешовандаш Рауфов Дилшод Самеҷонович, ки дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд, рафта, хоҳиш намудааст, ки ба воситаи ҳамсараш ё писараш аз дасти як шахси ба тафтишот номаълум, аз назди бинои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовезро иборат аз қуттиҳои чой, кулчақанд ва қанди сафед гирифта, дар манзили истиқоматиаш нигоҳ дорад ва бегоҳӣ як шиносаш рафта, онҳоро мегирад. Маҳкумшуда Д.С. Рауфов бехабар аз ниятҳои ғаразноки Ф.З. Заидов аз тариқи телефони мобилӣ ба писари ноболиғаш -Рауфов Фарзин Дилшодович занг зада, хоҳиш намудааст, ки ин амалро ба анҷом расонад. Фарзин ба он ҷо рафта, дастовезро гирифта, ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Адҳамов, хонаи № 84/5, ҳуҷраи № 5 бурдааст.
Сипас, Ф.З. Заидов аз муассисаи ислоҳӣ ба судшаванда Каримов Кароматулло Саидович, ки пеш якҷоя дар низоми маҳбасӣ адои ҷазо мекарданд, занг зада, хоҳиш намудааст, ки аз дасти Ф. Д. Рауфов аз назди Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон дастовези зикршударо гирифта, дар манзили истиқоматиаш нигоҳ дошта, баъдан ба муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.
Каримов К.С. бо хоҳиши ў бегоҳӣ ба ҷои таъйиншуда рафта, аз дасти ноболиғ Ф. Д. Рауфов дастовези номбаршударо гирифта, ба манзили иҷоравиаш, воқеъ дар кўчаи Наврӯзи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бурдааст.
Сипас, Ф. З. Заидов ба К. С. Каримов занг зада, хабар додааст, ки дар дохили қуттиҳои чой воситаи нашъадори навъи ҳашиш ҷойгиранд ва ба маблағи 200 сомонии он масолеҳи сохтмонӣ, як халта семент, алибастер, ду қуттӣ ранг ва ду адад рангмол харида, воситаҳои нашъадорро ба дохили халтаи алибастер якҷоя карда, ба муассисаи ислоҳӣ интиқол диҳад.
К.С. Каримов рўзи 30 августи соли 2015 воситаҳои нашъадорро, ки дар қуттиҳои чой селофанпеч буданд, ба халтаи масолеҳи сохтмонии алибастер якҷоя намуда, рӯзи дигар оид ба интиқоли воситаи нашъадор ба муассисаи ислоҳӣ ба Ф.З. Заидов занг зада, пешакӣ маслиҳат менамоянд.
Ф.З. Заидов ба ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Арзиқулов Алимҷон Саидқулович занг зада, ӯро барои овардани масолеҳи сохтмонӣ ба назди К.С. Каримов равон кардааст.
К.С. Каримов ҳангоми рў ба рўи бинои муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон расиданашон, масолеҳи номбаршударо аз мошин фароварда, ба замин гузошта, ба сарбозони муассисаи ислоҳӣ гуфтааст, ки онҳоро барои устоҳои муассисаи ислоҳӣ овардааст ва зуд ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми азназаргузаронии халтаи алибастер муайян карда шуд, ки дар дохили он 16 бастаи сиёҳи селофании скотчпеч ҷойгир карда шуда, дар дохили онҳо воситаҳои бўйи махсусдошта дарёфт шудаанд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-кимиёвии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дарёфтгардида, ба воситаи нашъадори ҳашиш мансуб буда, вазни умумии онҳо 1 кг. 520 граммро ташкил медиҳад.
Суд бо бо дастрасии моддаҳои 332-335,337,338,339,341-344,347 ва 348 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳ у к м к а р д : Каримов Кароматулло Саидович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Заидов Фирдавс Заирович, бо моддаи 36 қисми 3-201 қисми 4 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шаванд ва ба Каримов Кароматулло Саидович ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) солу 6 (шаш) моҳ, бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзўр ва ба Заидов Фирдавс Заирович бо моддаи 36 қисми 3-201 қисми 4 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, бо дастрасии моддаи 68 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазои адонагардида бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 26 ноябри соли 2012 ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 (ёздаҳ) солу 6 (шаш) моҳ, бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин намуд.

Январь 21, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид