Вазири адлия: Сохтмони ду муассисаи нави ислоҳӣ дар назар аст

Январь 28, 2016 12:08

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Муассисаҳои ислоҳӣ, ки дар тобеияти Вазорати адлияи мамлакат қарор доранд, тартиби нигоҳубини маҳбусонро дар доираи қонунҳои амалкунанда ҷорӣ карда, кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои минималии нигоҳдории маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ пурра риоя шаванд, — изҳор кард Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи мамлакат имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
«Албатта, камбудиҳо ва мушкилиҳо низ ҳастанд, мо инро рӯпӯш карданӣ нестем, — гуфт Рустам Шоҳмурод, — аз ҷумла, дучор шудани маҳбусон ба бемориҳо моро бетараф гузошта наметавонад. Бинобар ҳамин, дар ин масъала бо Вазорати тандурустӣ ва дигар ташкилоти дахлдор ҳамкорӣ дорем. Барои бо тамоми шароит таъмин намудани муассисаҳои табобатии ислоҳӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Вобаста ба сохтмони биноҳои муассисаҳои ислоҳӣ Рустам Шоҳмурод гуфт, ки бунёди муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат дар арафаи анҷомёбист. Дар маҷмӯъ ба сохтмони ин муассиса беш аз 39 миллион сомонӣ аллакай сарф шуда, имсол маблағгузорӣ дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин сохтмони ду муассисаи дигар дар назар дошта шуда, ҳоло масъалаи интихоби мавзеъ ва корҳои лоиҳавии онҳо идома дорад.

Январь 28, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид