Арзиши шикори 1 бузи пармашох-40 000 $
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Соли гузашта се шикорчии хориҷӣ барои сайди се бузи пармашохи морхӯр, ки ҳайвони нодири даштӣ маҳсуб мешавад, иҷозатнома дарёфт карданд. Онҳо барои шикори бузи пармашох дар мавзеи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардаанд. Соли 2015 аз ҳисоби иҷозатнома барои шикори се бузи пармашох 562 ҳазору 964 сомонӣ даромад ҳосил шуд». Ин нуктаро Шамсиддин Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд.
Ба гуфтаи Шамсиддин Раҳимов агар дар соли 1992 шумораи бузҳои пармашохи морхӯр дар Даштиҷум ба 300 сар мерасид, тайи солҳои охир ин теъдод афзоиш ёфта, ҳоло ба 1400 сар расидааст.
«Соли 2016 тибқи нақша барои шикори танҳо 5 бузи пармашох иҷозат дода хоҳад шуд», — афзуд Ш. Раҳимов.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






