Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон раванди ташаккули устувории кишвар ба тағйирёбии иқлимро таҳким мебахшанд
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс- Картер созишномаро барои маблағгузории Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) ба имзо расониданд. Дар доираи барномаи минтақавӣ ҳаҷми маблағгузории Тоҷикистон аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Аз он хушҳолам, ки Тоҷикистон ҷузъи ин ташаббуси минтақавӣ мебошад, ки он дар ҳалли мушкилиҳои алоқаманд бо тағйирёбии иқлим тавассути ҳамкории минтақавӣ ва сармоягузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат мекунад»,-зикр намуд Патрисия Виверc-Картер, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. “Офатҳои табиӣ ва дигар хатарҳои тағийрёбии иқлим боиси овардани зарари назаррас ба воситаҳои зиндагӣ ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон мегарданд, аз ин рӯ, мо дастгирӣ намудани талошҳои кишварро дар коҳиши ин хавфҳо дар оянда бесаброна интизорем”.
Дар доираи барнома маблағгузорӣ ба аҳолии деҳот барои бартараф намудани таҳдидҳои ҷорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва воситаҳои зиндагӣ дар деҳот, ки аз хатарҳои иқлимӣ, ба монанди хушксолӣ ва боду ҳавои экстремалӣ бармеоянд, пешниҳод мегарданд. Гуногунсозии кишти зироат, идораи дохилихоҷагии захираҳои об ва баланд бардоштани самаранокӣ, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта, истеҳсоли чорво, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъатдиҳии самаранокии неру якчанд мисолест аз чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳаи мазкур маблағгузорӣ мегарданд. Ин сармоягузориҳои алоқаманд ба тағйирёбии иқлим ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар минтақаҳои деҳот мусоидат намуда, инчунин талошҳои ба коҳишдиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ равонашударо, ки метавон дар саросари минтақа вусъат дод, нишон медиҳанд.
Интизор меравад, ки дар натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои мазкур дар Тоҷикистон 91,000 нафар манфиат мебарад. Дар сатҳи минтақавӣ барномаи CAMP4ASB барои фароҳам овардани замина ё худ майдон барои муколамаи минтақавӣ ва мубодилаи дониш дар байни тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар доираи васеи соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, захираҳои об ва энергетика мусоидат хоҳад намуд. Инчунин низоми ҳамбастаи қиёсии дорои маълумоти такмилдодашуда, иттилоот ва воситаҳои андешидани тадбирҳои сиёсӣ ва муайянсозии афзалиятҳо дар робита ба сармоягузориҳо бо дарназардошти омилҳои иқлим ба ҳамаи кишварҳои минтақа дастрас мегардад. Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал ба манфиатбардорӣ аз ҳамкории минтақавӣ барои ҳалли мушкилоти афзоишёбандаи тағйирёбии иқлим, ки бештари вақт аз ҳудуди марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ берун меоянд, нигаронида шудааст. Моҳи ноябри соли 2015, Раёсати директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо намудани 38 миллион доллари ИМА-ро барои маблағгузории марҳилаи аввали барнома ба тасвиб расонид.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






