Дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор муассисаи рўзонаи таҳсилоти умумӣ фаъоланд

Февраль 1, 2016 11:48

Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз рўи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили 2015-2016 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 846 муассисаи рўзонаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд аст.
Шумораи хонандагон дар муассисаҳои рўзонаи таҳсилоти умумӣ 1784,4 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли таҳсили 2014-2015-ум 42,8 ҳазор нафар зиёд шудааст. Шумораи духтарон 851,2 ҳазор нафар ё 47,7 фоизи шумораи умумии хонандагонро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии муассисаҳои рўзонаи таҳсилоти умумӣ дар соли таҳсили 2015-2016 дар ҷумхурӣ 68 литсей фаъолият намуда, 28,9 ҳазор нафар хонандагонро дар бар мегирад, аз онҳо 8,3 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Миқдори гимназияҳо ба 83 адад расидааст, шумораи хонандагонашон 49,9 ҳазор нафар буда, аз онҳо 17,8 ҳазор нафар духтарон мебошанд.

Февраль 1, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид