Мулоқоти сафир бо донишҷӯёни тоҷик дар Теҳрон: истиқбол аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

Февраль 2, 2016 09:52

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар») — 28-уми январи соли равон дар донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Имомзода бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар асоси бурсияҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар шаҳру вилоятҳои ҶИЭ таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар чорабинӣ 60 намоянда аз донишгоҳҳои шаҳрҳои Теҳрон, Қазвин, Гелон, Исфаҳон, Табрез, Шероз, Карач ва Машҳад иштирок карданд.
Сафири Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал сухан карда, оид ба бахше аз мавзуъҳои асосии Паём, ки асосан ба масоили соҳаи илму маориф ва ҷавонон вобаста буданд, чунин гуфт: “Дар Тоҷикистон барномаи компютеркунонӣ 106 фоиз иҷро гардид, ҳоло аз 170 ҳазор донишҷӯи кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд”. Хосса дар робита ба суханони Пешвои миллат оид ба ҷавонон таъкид шуд, ки мо аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
“Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бонангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”, — сафири Тоҷикистон ба ин суханони Сарвари давлат ишора намуда, донишҷӯёнро барои боз ҳам беҳтару бештар таҳсил кардан, ба ҳар гуна равияҳои номатлуб дода нашудан ва барои дастури рӯимизии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон қарор гирифтани Паёми Пешвои миллат ташвиқ намуд.
Ҳамзамон бо назардошти шароити ҳассоси кунунӣ мавзӯи фаъолияти тахрибкоронаи ҲНИТ ва оқибатҳои хатарноку номатлуби ин ҳизб, таҳдидҳои ҷуброннашавандаи он ба суботу амнияти кишварамон тавассути сафири Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳодисаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонда, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Ин шароит, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Донишҷӯён аз ҷониби худ як барномаи фарҳангӣ иҷро намуданд, ки он аз пахши клипҳо оид ба таърихи таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1925 ва раванди дастёбӣ ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли 1992, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, суруду шеърҳо бахшида ба Ватан иборат буд. Донишҷӯёни шаҳрҳои Қазвин ва Теҳрон дар мавзуъҳои “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он”, “Равишҳои расидани ҷавонон ба муваффақият”, “Саҳми ҷавонони тоҷик дар пешрафти кишвар” маърӯзаву суханронӣ намуда, оид ба меҳру муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба миллату давлат шеъру таронаҳо қироат намуданд.

Февраль 2, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
«Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор шуд
МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад
ПАРЧАМ ВА ПАРЧАМДОРӢ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия доир шуд
ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМ- ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҷамъомад доир шуд
Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд