Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби дастаҳои варзишии ҷузъу томҳо пайваста мусобиқаҳои гуногун доир мешаванд.
Дар доираи омодагиҳо ба муносибати 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии солимгардонии шаҳри Душанбе байни афсарон ва прапоршикони дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъҳои қӯшунҳо ва Донишкадаи ҳарбии ҷумҳурӣ мусобиқаи варзишӣ доир гардида, он аз рӯи намудҳои волейбол, футболи хурд, шиноварӣ, гирбардорӣ, тенниси рӯи миз ва тирпаронӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамин тариқ, оғози мусобиқаи навбатии ҳайати афсарону прапоршикони Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии зертобеи он ва дигар ҷузъу томҳои навъҳои қӯшуни Артиши миллии Тоҷикистон бо иштироки хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯи навъи бозиҳои волейбол ва шиноварӣ ҷараён дорад.
Мусобиқаи варзишӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе байни ҳамаи дастаҳои иштирокдор то санаи таҷлили 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






