Рӯнамоии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав

Февраль 15, 2016 09:56

Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми феврал зимни ҳамоиши тиҷоратии муштараки Қирғизистон/Тоҷикистон — Русия (http://www.centralasiatextile.ru/) дар шаҳри Маскав муаррифӣ мешаванд.
Ин ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) ҷузве аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия — намоишгоҳи “Текстиллегпром” мебошад.
Корхонаҳои Тоҷикистон барои шашумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Русия мебошад, мегарданд. Дар ин муддат бештар аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ чаҳор-панҷ маротибагӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳо баргаштаанд. Имсол ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат Текстил», “ХИМА Текстил”, “Нафиса”, “Нассоҷи Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», ва «Раҳимов А.А ».
“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд: ““Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоварад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”

Февраль 15, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд