Вазорати фарҳанг: Комиссияи корӣ оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ таъсис ёфт
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси одоби хизмати давлатӣ дар таҳрири нав бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ мулоқоти судманд доир гардид. Ибодулло Машрабов, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба муқаррароти Кодекси одоби хизмати давлатӣ зикр намуд, ки кодекси мазкур маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқию фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум менамоянд, ҳамзамон ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.
Дар вазорат комиссияи корӣ оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ таъсис дода шуд. Дар робита ба ин, аз тамоми кормандони соҳа даъват шуд, ки барои баланд бардоштани масъулият ва таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






