Амини Шариф: Наврӯз дар аввал ифтихори миллати Тоҷикистон ва сипас аз тоҷикони он сӯи марз ҳам ҳаст
Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар саҳни маҷмааи давлатии Кохи Борбад намоиши бузурги либосҳои миллӣ, бозёфтҳои таърихӣ ва маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, мусаввараҳои зебои табиати нотакрори Тоҷикистон, нақшу нигор, сурудҳои миллӣ, ки хоси ҷашни Наврӯзанд, ба таври васеъ пешниҳоди меҳмонону сокинон гардонида шуд.
Дар ин рӯз хурду бузург бо чеҳраи болида ва илҳоми тоза аз намоишгоҳ дидан карда, аз анъанаву суннатҳои қадимаи мардуми фарҳандӯсту тамаддунофари тоҷик бохабар гардиданд.
Инчунин барои иштирокдорони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва огоҳӣ пайдо кардан бо расму ойин ва анъанаҳои халқи тоҷик хӯрокҳои миллӣ, либос, адрасу атлас, ҳафтсину ҳафтшин ва дигар таомҳои хос ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ намоиш дода шуданд.
Меҳмонон аз хориҷи кишвар аз намоишгоҳ дидан карда, бори дигар бо таъриху тамаддун ва фарҳанги асили мардуми куҳанбунёди тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Ҳар яке аз меҳмонон таассуроти худро оид ба ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон бо хушнудӣ чунин баён карданд.
Амини Шариф, ки бори аввал аз кишвари Эрон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мегӯяд: «Бароям хеле ҷолиб аст. Ҷашни азим ва хеле зебост. Фикр мекунам, ки агар ҳамин ҷо ин чашн баргузор шавад, барои онҳое, ки иди Наврӯзро қабул доранд, хеле беҳтар ва олӣ мебуд. Мардум барои дидани Наврӯз либосҳои нав мепӯшанд, худро тамиз мекунанд ва бо рӯҳи болида ин ҷашни бузургро истиқбол мекунанд. «Аслан наметавонам бо ҳеҷ як вожае эҳсоси хурсандии худро баён кунам. Ман шахсан ифтихор мекунам бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо роҳбарии хирадмандонааш ба фарҳанг ва ба адабиёт ва аз ҳама муҳимтар, ба ҳамбастагии форсизабонон, бавижа адибони форсизабон аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Баргузор гардидани Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар аввал ифтихори миллати шарифи Тоҷикистон ва пас аз ӯ барои мо тоҷикони он сӯи марз ҳам ифтихори бузург аст»,-иброз намуд Амини Шариф.
«Ман Ҳурмати Разавӣ ҳастам. Соли нав-Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон шодбош мегӯям. Соли нав ба шумо муборак. Соли пурбаракат ва тандурустиро барои тоҷикони дунё орзу мекунам. Беҳтарин Наврӯзро ман имсол доштам, чунки кишвари шумо ҷашни воқеии Наврӯзро ҷашн мегирад. Ман ифтихор мекунам, ки дар канори шумо ҳастам. Ҷашн хеле олӣ ва комил буд. Ман чунин таҷлили Наврӯзро дар ягон рӯи олам надидам. Мураттаб, хеле зебо буд, шод буд ва беҳтарин Наврӯз буд.
Намоишгоҳ бори дигар собит сохт, ки мардуми тоҷик ҷашни Наврӯзро дар сатҳи баланд бо риояи суннат ва расму ойинҳои қадимӣ таҷлил менамоянд. Чеҳраҳои болидаи сокинон ва рақсу бозии шаҳрвандон ин ҷашни аҷдодиро боз ҳам гуворо намуд.
Меҳмонону сокинон имконият пайдо карданд, ки аз таъриху тамаддун ва анъанаҳои халқи тоҷик таассуроти нек бардоранд.
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






