Ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Март 17, 2016 08:29

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз якуми апрели соли равон даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1989 ва 1998-и ҶТ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат дирӯз дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ нахуст фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муайяншудаи хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Дар ҷамъомад сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи уҳдадории раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Файзуллозода Шараф Ҷаббор, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ, вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру наҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат намуданд. Иштирокдорони ҷамъомад даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, дар ҷамъомад зикр шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як зумра мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбат ба онҳо ҷазоҳои қонуниро тадбиқ намудаанд.
Дар ҷамъомад ҳамзамон таъкид шуд, ки шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Дар ҷамъомади мазкур бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои мазкур барои дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокдорони ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Март 17, 2016 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад