Арам Ананян: «Ховар» имрӯз роҳи навсозӣ ва инноватсияро пеша кардааст»

Март 16, 2016 14:24

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дирӯз  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа  натиҷаи фаъолияти агентиҳо дар  соли 2015, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли равон муҳокима гардиданд.  Директори Агентии иттилоотии «Арменпресс»-и Арманистон  Арам Ананян ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи натиҷаи ҷаласа ва  таассуроти худ аз ташрифаш ба  Тоҷикистон чунин ибрози андеша  намуд:

А.Ананян: Пеш аз ҳама, ман мехостам, ки ба роҳбарону кормандони  Агентии миллии иттилоотии  «Ховар» барои меҳмоннавозии гарму самимӣ арзи сипос намоям. Дар ҷаласаи имрӯза мо ба масоили ҳамкории иттилоотӣ  байни агентиҳо мубодилаи андеша намуда,  дар натиҷа  роҳбарони агентиҳо дар мавриди  ҳамкории хадамоти аккосӣ созишнома ба имзо расониданд. Мо минбаъд низ барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ саъю кӯшиш хоҳем кард.  Имзои ин созишнома марҳалаи нав барои мубодилаи  маводи аккосӣ  мебошад. Боиси хушнудист, ки ин санадро  мо маҳз  дар шаҳри Душанбе ба имзо расонидем.

«Ховар»: Созишномаи ҳамкории хадамоти аккосӣ  чӣ натиҷа хоҳад дод?

A.Ананян: Ин шартнома дар оянда  барои рушди агентиҳо дар самти аккосӣ ва таъмини маводи тасвирӣ мусоидат хоҳад кард. Тавре ки медонем, имрӯз акс барои баён намудани воқеият ва ҳақиқӣ будани иттилоот нақши муҳим мебозад.   Инчунин аксҳои ҳифзшуда таърихи чандсолаи на танҳо агентиҳо, балки давлатҳоро пос медоранд.  Мо ба якдигар дар таъмини аксҳо аз ин пас  кумак хоҳем расонд.

«Ховар»: Ин ҷо Шумо дар мавриди мубодилаи аксҳо гуфта гузаштед. Мегуфтед, ки мубодилаи иттилоот байни агентиҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар байни «Арменпресс» ва «Ховар» чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

A.Ананян: Ҳамкории мо дар самти  мубодилаи иттилоот хуб ба роҳ монда шудааст ва тӯлонӣ мебошад. Ин шарикӣ ва табодули иттилоот байни мо  анъанаи таърихӣ дорад. Мо доимо аз воқеаҳои Тоҷикистон огоҳӣ дорем ва онро дар сомонаи худ нашр мекунем. «Ховар» ва «Арменпресс»  дар ин самт шарикони боэътимоданд.

«Ховар»: Тавре ки медонем, масъалаи терроризм ва экстремизм, инчунин тағйирёбии иқлим имрӯз мушкилоти ҷаҳонӣ гаштааст ва дар оғози ҷаласа низ ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир гардид.  Оё  ба воситаи ҳамкории агентиҳои иттилоотӣ метавон ба ин равандҳо ягон таъсир расонид?

А.Ананян:  ВАО  дар иттилоотонии мардум нақши муҳим мебозад.  Терроризму экстремизм  имрӯз мушкилоти тамоми ҷаҳон гаштааст. Мо бояд дар ин самт дастаҷамъона кор кунем.

«Ховар»: Назари Шумо дар бораи сомонаи агентии «Ховар»

A.Ананян: Ман яке аз хонандагони доимии сомонаи Шумо ҳастам. Сомона ба куллӣ тағйир ёфтааст ва бояд гуфт, ки тарҳу сифати он нисбат  ба солҳои пеш  беҳтар гаштааст.  Ҳоло сомонаи «Ховар» барои гаҷетҳои мобилӣ мувофиқ  карда шудааст. Ман яке аз истифодабарандагони фаъоли технологияҳои нав мебошам ва дар куҷое набошам, сомонаи шуморо аз тариқи гаҷетҳои мобилӣ аз назар мегузаронам. Ҳамаи дигаргуниву тағйироти сомона аз он дарак медиҳанд, ки «Ховар» имрӯз  роҳи  навсозӣ ва инноватсияро пеша кардааст. . Мо ҳамеша аз  муваффақиятҳои дӯстон ва шариконамон хушҳол мегардем. Мо дучанд аз он хурсандем, ки моро на танҳо ҳамкории имрӯза,  балки  таърихи бой бо ҳам мепайвандад.

«Ховар»: Таассуроти Шумо аз пойтахти Тоҷикистон

A.Ананян: Бо омадан ба Душанбе маро эҳсосоти гарму самимӣ фаро гирифт. Пеш аз оғози ҷаласа мо аз кӯчаю хиёбонҳои пойтахтатон дидан намудем. Маро бо  хиёбони Рӯдакӣ, Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дигар кӯчаҳое, ки ба номи шоирону нависандагон номгузорӣ шудаанд, шинос намуданд.    Барои ман Душанбе на танҳо шаҳри офтобӣ, балки шаҳри шеъру шоирӣ мебошад. Кишваре, ки  шоиру нависандагон ва мероси фарҳангии худро пос медорад, ояндаи бузург дорад.

Маълумотнома: Агентии давлатии Ҷумҳурии Арманистон 18 декабри  соли 1918 таъсис ёфтааст. Ин муассисаи қадимтарин ва бузургтарин дар Арманистон мебошад. Имрӯз агентӣ  дар   9 бахши иттилоотӣ хабар  интишор менамояд. Агентӣ дорои бойгонии аксҳо  буда, дар он аксҳои таърихии Арманистон ва минтақаи Қафқоз маҳфузанд.

«Арменпресс» бо чунин агентиҳои маъруфи ҷаҳон, чун хабаргузории ИТАР-ТАСС, Синхуа, ИРНА, MENA, БТА  ва дигар агентиҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ дорад.

Таҳияи Лайло Қосимова

 

 

Март 16, 2016 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад