Ҷашни Наврӯз дар Теҳрон

Март 16, 2016 11:38

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар оғози қудуми мубораки Наврӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ бо ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Неъматулло Эмомзода дар робита ба таърихи Наврӯз ва таҷлили он дар Тоҷикистон сухан ронда, ҳамзамон аз иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мизбонии чандин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ширкати сарони кишварҳо ва мақомоти баландпояи давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва мизбонии Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон» сухан гуфт.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур, рӯнамоии Тоҷикистон ва анъанаҳои наврӯзӣ ҳамроҳ бо наворҳои видеоӣ оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Дар толор гӯшаи Тоҷикистон бо сабки хоси тоҷикона ороиш ёфта, дар он либос, асбобҳои мусиқӣ, намунаи ҳунарҳои дастии миллӣ ва маводи таблиғотӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва дигар маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуда буд.

Март 16, 2016 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид