Бақайдгирии довталабон дар Ваҳдат
Ваҳдат, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат таъсис шудааст, ки ҳоло довталабони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Норак, Ваҳдат ва Файзобод дар он ба қайд гирифта шуда истодаанд.
Нуқтаи бақайдгирии мазкур то имрӯз зиёда аз 650 нафарро ба қайд гирифтааст ва бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамкории наздик дорад. Масъулини нуқтаи бақайдгирӣ барои омода намудани довталабон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба муроҷиаткунандагон номгӯи тестҳо ва роҳнамои довталабро дастрас менамоянд.