Бозор Собир дӯстдорони шеърро ин шом интизор аст
Душанбе, 18.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Шоири маъруфи адабиёти муосири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — Бозор Собир дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи аҷам дӯстдорони шеърро ба маҳфили адабӣ даъват менамояд. Аз Иттифоқи нависандагони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маҳфили шеъри шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир 18 март соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Овозхони мумтози тоҷик Саидқул Билолов ва ҳунармандони ансамбли «Дарё» бо мусиқӣ ва суруду таронаҳои дилнишин базми шеъри Бозор Собирро шукуҳманд хоҳанд кард.
Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир 78 сол муқаддам -соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз падар барвақт ятим монда, маълумоти миёнаро дар яке аз мактаб-интернатҳои Ҳисор гирифтааст. Соли 1962 бахши забон ва адабиёти форсӣ -тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои тӯлонӣ дар матбуоти даврӣ — рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият намудааст. Тӯли як сол дар кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор ҳам кардааст. Муддати даҳ сол дар бахши шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мушовир фаъолият дошт. Оғози эҷодиёти Бозор Собирро ба солҳои 60-уми қарни 20 мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расонид. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоир бо номи «Пайванд» соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои «Мижгони шаб» (1981), «Борони тиллоӣ» (1982), сипас як силсила шеърҳои ӯ бо хатти форсӣ таҳти унвони «Оташбарг» (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабонон гардид.
Китоби дигари Бозор Собир «Чашми сафедор» (1991) мебошад. Бозор Собир пайваста ба нашрияҳои Маскав ҳамкорӣ дошт ва чандин шеъраш дар маҷаллаҳои «Дружба народов», «Смена», «Советская литература» (ба забонҳои хориҷӣ), «Музика» ба забони рӯсӣ чоп шуданд. Соли 1979 нашрияи «Советский писател» маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи «Каменная кладка» аз чоп баровард.
Бозор Собир ба таври анъана ба масоили тарҷума мутаваҷҷеҳ буд ва ашъори шоири чехӣ М. Валеко, шеърҳои Д. Байрон, А. Рембо, Г. Аполменер, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигар шоирони ғайрифорсигӯро ба форсии тоҷикӣ тарҷума карда, пешкаши хонандагон гардонид. Ҳамчунин соли 1977 бо ҳамқаламии шоир Лоиқ Шералӣ шеърҳои шоири шинохтаи рус С. Есенинро ба забони форсии тоҷикӣ баргардонда, таҳти унвони «Гулафшон» ба чоп расонд.
Ҳамзамон як силсила шеърҳои Бозор Собир дар матбуоти кишварҳои форсизабон, назири Эрону Афғонистон чоп гардидаанд. Баргузидаи ашъори Бозор Собир (Теҳрон, нашрияи Ал-Ҳудо, 1996), инчунин маҷмӯаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки шоири шинохтаи тоҷик баъди 18 соли ҳиҷраташ дар Амрико моҳи майи соли 2013 бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт.
Баъди бозгашт ба ватан дар арафаи ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана Бозор Собирро бо Ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи III» сарфароз гардонид.








Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад






